Биё каз ғайри ту безори гаштам

Вагар хуфта бидам бедори гаштам

Биё эй ҷон ки то рӯзи қиёмат

Муқӣми хонаи хумори гаштам

зи пару боли худ гулро фишонд

Ба кӯҳи қофи худ тайёри гаштам

Турш дидам ҷаҳониро ман аз тарс

Дар он дўшоб чун очори гаштам

Ақидаи ин чунин созед ширин

Ки ман зини хумраи шкрбори гаштам

Яке чанде буридам ман аз ағёр

Кунун бо хештани ағёри гаштам

зи ҳоли дигарон ибрат гирифтам

Кунун ман ибраи алобсори гаштам

Биё эй толиби асрори олам

Ба ман бингар ки ман асрори гаштам

Бидон бисёр печиди ин сари ман

Ки гирди ҷбаҳу дастори гаштам

Аз он маҳбӯс будам ҳамчуи нуқта

Ки гирди нуқта чун паргори гаштам