Варо хоҳам дигар ёрӣ нахоҳам

Чу гулро ёфтам хорӣ нахоҳам

Турогар ғайр ӯ ёр дигар ҳаст

Бирав он ҷо ки ман борӣ нахоҳам

Биҷузи дидор ӯ бахтӣ наҷӯям

Ба ғайри кор ӯ корӣ нахоҳам

Чу бозони соид султон гузидам

Чу каркаси буи мурдорӣ нахоҳам

Миёни аҳли дили ҷуз дил нагунҷад

Ҷузи ин дилдор дилдорӣ нахоҳам

зи ман ҷузвӣ сетанд кул бубахшад

Аз ин ба рӯз бозорӣ нахоҳам

На он ҷузвам ки ғайри кул буд он

Нахоҳам ғайрро оре нахоҳам