Биёи мо чанд кас бо ҳам бисозем

Чу шодӣ кам шавад бо ғам бисозем

Биё то бо худо хилват гузинем

Чу исо бо чунин Марям бисозем

Гар аз фарзанди одам кас намонад

Чаҳ ғам дорем бо одам бисозем

Вари одам низ аз мо гӯша гирад

Ба ҷони ту ки бе ӯ ҳам бисозем

Яке ҷонӣаст моро шодии ангез

Кигар вайрон шавад олам бисозем

Агар дарё шавад оташ банушем

Вагар захмӣ расад марҳам бисозем

Ба пеши каъба рӯйиш бимирем

Бидон чоҳ ва бидон замзам бисозем