Ман ҷузи аҳад самад нахоҳам
Ман ҷузи малик абад нахоҳам
Ҷузи раҳмат ӯ набоядам нақл
Ҷузи бода ки ӯ диҳад нахоҳам
Андешаи айш бе ҳузураш
Тарсам ки бадв расад нахоҳам
Бе ӯ з барои ъушрати ман
Хуршед сабу кашад нахоҳам
Ман моя бодаам чу ангур
Ҷузи зарбату ҷуз лагад нахоҳам
Аз лиззати захмҳоаш ҷонам
Як соъат агар раҳад нахоҳам
Вақтаст ки ҷон шавем холис
Кин заҳмат колбуд нахоҳам
Аҳмад гуяд барои рӯпӯш
Аз Аҳмади ҷуз аҳад нахоҳам
Маҷмӯ ҳамааст шамси табриз
Ҳақаст ки ман адад нахоҳам