Чу яке соғари мардии зи хам ёр барорам

Ду ҷаҳонроу ниҳонро ҳама аз кор барорам

зи пас кӯҳи броими илми ишқи намоям

зи дили хорау мармари дам иқрор барорам

зи так чоҳ касеро ту ба сад соли барорӣ

Ман девона бедил ба яке бор барорам

Чу аз он кӯҳи баландами камар ишқ бабандам

зи камаргоҳи мунофиқи сар зуннор барорам

Бар ман нест ман ва мо адамам бесар ва бе по

Сару дил зон биниҳодам ки сар аз ёр барорам

Ба ту девори намоями сӯии худ дар бигушоем

Ба миён даст набошад дар ва девор барорам

То чаҳ аз кор физойӣ сару дастори намое

Ки ман аз ҳар сари мӯеи сар ва дастор барорам

Ту з бегоҳ чаҳ лангии зи шаби тира чаҳ тарсӣ

Ки ман аз ҷониби мағриби ма анвор барорам

Ту зи тотори ҳаросӣ ки худоро нашиносӣ

Ки ду сад рояти имони сӯй тотор барорам

Ҳиллаи ин лаҳза хамӯшам чу меишқ банушам

Зира ҷанг бапушам саф пайкор барорам

Ҳиллаи шамс алҳақ табризи зи фироқи ту чунонам

Ки ҳаёҳӯӣу фиғон аз сар бозор барорам