Бирӯяд эй ҳарифон бикашед ёри мо ро
Ба ман оваред охири санами гурезпо ро
Ба таронаҳои ширин ба баҳонаҳои заррин
Бикашед сӯии хонаи маи хуби хуши лақо ро
Вагар ӯ ба ваъда гуяд ки дамӣ дигар биёям
Ҳамаи ваъда макр бошад бФрибд ӯ шумо ро
Дами сахт гарм дорад ки ба ҷодӯӣу афсун
Бузанд гиреҳ бар об ӯу бибандад ӯ ҳаво ро
Ба муборакӣу шодӣ чунигор ман даройад
Биншин назора мекун ту аҷоиби худо ро
Чу ҷамол ӯ битобад чаҳ буд ҷамоли хубон
Ки рух чу офтобаши бикашади чароғҳо ро
Бирав эй дили сабки рӯ ба Яман ба дилбари ман
Бирасон салому хизмат , ту ақиқ бебаҳо ро