эй гузидаи ёр чунат ёфтам
эй дилу дилдор чунат ёфтам
Май гурезӣ ҳар замон аз кори мо
Дар миёни кор чунат ёфтам
Чанд боРом ваъда кардӣ ва нашуд
эй санами ин бор чунат ёфтам
Заҳмати ағёри охир чанд чанд
Ҳин ки беағёр чунат ёфтам
эй даридаи пардаҳои ошиқон
Пардаро бурдор чунат ёфтам
эй зи рӯяти гулистонҳо шармсор
Дар гулу гулзор чунат ёфтам
эй дил андак нест захми чашми бад
Пас магӯ бисёр чунат ёфтам
эй ки дар хобати надидаи хусравон
Ин аҷаби бедор чунат ёфтам
Шамси табризӣ ки анвор аз ту тофт
Андари он анвор чунат ёфтам