Ошиқӣ бар ман парешонат кунам

Кам иморат кун ки вайронат кунам

Гар ду сад хона кунӣ знбўрўор

Чун магас бехон ва бемонат кунам

Ту бар онки халқро ҳайрон кунӣ

Ман бар онки маст ва ҳайронат кунам

Гар ки қофии туро чун Асия

Орми андари чарх ва гардонат кунам

Вари ту афлотӯну луқмонӣ ба илм

Ман ба як дидор нодонат кунам

Ту ба дасти ман чу мурғии мурда Эй

Ман сайёдами дом мрғонт кунам

Бар сари ганҷӣ чу Марии хуфта Эй

Ман чу мори хаста печонат кунам

Хоҳи далелии гӯу хоҳӣ худ магӯ

Дар далолати айн бурҳонат кунам

Хоҳи гӯи лоҳўли хоҳӣ худ магӯ

Чун шаҳати лоҳўл шайтонат кунам

Чанд мебошӣ асири ин ва он

Гар буруни ое аз ин онат кунам

эй садаф чун омадӣ дар баҳри мо

Чун садафҳо гўҳроФшонт кунам

Бар гулӯяти теғҳоро даст нест

Гар чу Исмоил қурбонат кунам

Чун халилии ҳеҷ аз оташ матарс

Ман зи оташи сад гулистонат кунам

Домани мо гир агар трдомнӣ

То чу ма аз нур домонат кунам

Манҳамем соя кардам бар сарат

То ки аФридўн ва султонат кунам

Ҳин қироат кам кун ва хомӯш бош

То бихонам айн қуръонат кунам