Гар дам аз шодӣ вагар аз ғам занем

Ҷамъ биншинему дам бо ҳам занем

Ёри мо афзӯн равад афзӯн рӯем

Ёри могар кам занад мо кам занем

Моу ёрони ҳамдил ва ҳамдам шавем

Ҳамчуи оташ бар саф рустам занем

Гарчи мардонем агар танҳо рӯем

Чун занон бар навҳа ва мотам занем

Гар ба танҳоӣ ба роҳ ҳаҷ рӯем

Ту макун бовар ки бар замзам занем

Торҳои чангро монем мо

Чўнки дрсозими зер ва Бам занем

Мо ҳама дар ҷамъ одам бӯда ем

Бори дигари ҷумла бар одам занем

Нуктаи пӯшидаи сету одами восита

Хаймаҳо бар соҳил аъзам занем

Чун ба тахт ояд сулаймони бақо

Сад ҳазорон бӯса бар хотам занем