Ман аз ин хона ба дар ме нарӯм

Ман аз ин шаҳр сафар ме нарӯм

Манам ва ин санаму боқии умр

Ман аз ӯ ҷой дигар ме нарӯм

Хокёни рӯ ба асар овараданд

Ман зи асирам ба асар ме нарӯм

эй ду дидаи зи назар даврам кун

Ман чу дида ба назар ме нарӯм

Бахти ман зер ва зибр кард ғамаш

Чун фалаки зер ва зибр ме нарӯм

Хонаи чарху замин торик аст

Ман зи харгоҳ қамар ме нарӯм

Гар чу хуршеди маро теғ занад

Ман зи теғаш ба сипар ме нарӯм

Бас буд ишқи шаҳами тоҷу камар

Ман сӯии тоҷ ва камар ме нарӯм

Гум кунам хеш дар авсофи малик

Ман дар авсоф башар ме нарӯм

Ишқ ӯ чун шаҷар ва ман Мӯсо

Ман газофа ба шаҷар ме нарӯм

Зон шаҷар хонд яке нури маро

Вар на ман баҳр Хизр ме нарӯм

Чун шаҷар хуш бикашам оби ҳаёт

Ман чу ҳизум ба сафар ме нарӯм

Шамси табриз ки нур саҳар аст

Ҷуз ба нураш ба саҳар ме нарӯм