Бигушоӣ чашми худ ки аз он чашм равшанем
Ҳошо ки чашми хеш аз он рӯй бркним
Парвонае ту баҳри ту бФрўзи сина ро
То хешро зи ишқ бар он сина барзанем
БФзои хавф ишқ нахоҳем эминӣ
Зеро зи хавфи ишқи ту мо сахт эминем
Парвонаро зи шамъи ту ҳар рӯзи мужда Эй аст
Яъне ки моти шӯ ки ҳаме мот зоминем
Шодем он замон ки ту даъвӣ кунӣ ки ман
Бе ман шавем аз худу зи ишқ сад манем
То боғи гулистони ҷамоли ту дида ем
Чун сарви сарбаланду збонўр чу сӯсанем
Бар гулшан замона бирав оташӣ бизан
Зеро зи ишқ рӯй ту зон сӯй гулшанем
эй онки сусти дил шудае дар тариқи ишқ
Дар мо гурези зуд ки мо бурҷ оҳанем
Аз завқи оташи шаҳи табризи шамси дайн
Дорем оби рӯу ҳама маҳз равғанем