Чанд рӯй бехабар охир бингар ба бом

Бом чаҳ бошад бигӯ бар фалаки сбзФом

То қамарии ҳамчуи ҷон ҷилва шавад ногаҳон

Сад ма ва сад офтоби чеҳра ӯро ғулом

Аз ҳаваси ишқ ӯ чарх занад на фалак

Ваз май ӯ ҷону дил нӯш кунад ҷоми ҷом

Чун ба таҷаллӣ битофт ҷониби ҷонҳо шитофт

Бода ҷон шуд мубоҳ хӯрдан ва хуфтани ҳаром

Гуфт ҷаҳон салим чист хабар эй насим

Гуфт надорам зи бими ҷузи нафасии вассалом