Ҳамаи ҷамоли ту байнам чу чашм боз кунам

Ҳамаи шароби ту нӯшам чу лаб фароз кунам

Ҳаром дорам бо мардумони сухани гуфтан

Ва чун ҳадис ту ояд сухан дароз кунам

Ҳазор гӯнаи блнгм ба ҳар раҳам ки баранд

Раҳе ки он ба сӯй туаст тарк тоз кунам

Агар ба даст ман ояд чу Хизри оби ҳаёт

зи хоки кӯии ту он обро тароз кунам

зи хорхори ғами ту чу хорчини гирдам

зи наргису гули Садбарг эҳтироз кунам

зи офтобу з маҳтоб бугзарад наварам

Чу рӯй худ ба шҳншоаҳ длнўоз кунам

Чу пар ва бол барорам зи шавқ чун баҳром

Ба масҷиди фалаки ҳафтумин намоз кунам

Ҳамаи саодати байнам чу сӯии наҳси рӯм

Ҳама ҳақиқат гардад агар муҷоз кунам

Мароу қавми маро оқибат шавад Маҳмӯд

Чу хешро паии Маҳмӯди худ Аёз кунам

Чу офтоб шавам оташу зи гармии дил

Чу зарраҳо ҳамаро маст ва ъшқбоз кунам

Прири ишқ маро гуфт ман ҳамаи нозам

Ҳамаи ниёзи шӯи он лаҳзае ки ноз кунам

Чу нозро бигзорӣ ҳамаи ниёзи шӯй

Ман аз барои ту худро ҳама ниёз кунам

Хамӯш бош замонӣ бисоз бо хмшӣ

Ки то барои самоъи ту чанг соз кунам