Агар замину фалакро пар аз салом кунем
Вагар сегон туро фарши сим хом кунем
Вагар эй туро ҳар саҳар ки ме ояд
зи ҷону дидау дили ҳалқаҳои дом кунем
Вагар ҳазор дили покро ба ҳар сари роҳ
Ба дасти номаи пурхӯн ба ту паём кунем
Вагар чу нуқрау зари поку холис аз паии ту
Миёни оташи ту манзил ва мақом кунем
Ба зоти поки муназзаҳ ки баъди ин ҳамаи кор
Ба ҳар тараф нигаронем то кадом кунем
Қарори оқибати кори ҳам бар ин афтод
Ки хешро ҳамаи ҳайрону хира ном кунем
Ва онгаҳе ки расад бодаҳои ҳайронон
зи шишаи хонаи дили сад ҳазор ҷом кунем
Чу симбр ба сафои тангмон ба бар гирад
Фалак ки кара тундаст моаш ром кунем
Чу мағзи рӯҳ аз он бодаҳо ба ҷӯш ояд
Чаҳор ҳади ҷаҳонро ба так ду гом кунем
зи шамси табризи ангуштарӣ чу бустонем
Ҳазор хусрави тмғоҷро ғулом кунем