Хушии хушии ту вале ман ҳазор чандонам

Ба хоби дӯш киро дида ам наме донам

зи хўшдлӣу тараб дар ҷаҳон наме ганҷам

Вале зи чашми ҷаҳони ҳамчуи рӯҳи пинҳонам

Дарахт агар набадӣ по ба гули марои ҷустӣ

Каз ин шукуфау гули ҳасрати гулистонам

Ҳамеша домани шодии кшидмии сӯии хеш

Кашад кунун кафи шодӣ ба хеши домонам

зи бомдод касе ғлмлиҷ ме кунадам

Газоф нест ки ман ношитоби хандонам

Таронаҳо з ман омӯзад ин нафаси Зуҳра

Ҳазор Зуҳраи ғуломи димоғи скронм

Шакарлабии лаби моро ба гоҳ ширин кард

Ки ғарқаи гашти шукри андари оби дандонам

Сало ки қомат чун сарв ӯ салои дардоад

Ки ман намози шуморо латифи арқонам

Сало ки фотиҳаи қуфлҳои бастаи манам

Бидон чу фотиҳаи тон дар намоз ме хонам

Ба дори малики малоҳати лабаш чу ғаммоз аст

Ки бингаред насиби маро ки дарбонам

Чнонки пеши ҷунунам уқул ҳайронанд

Ман аз фусурдагии ин уқули ҳайронам

Фусурда монад яхӣ ки ба зери соя буд

Надид шаъшааи офтоби рахшонам

Табассуми хуши хуршед ҳар яхӣ ки бидид

Сболи молад ва гуяд ки оби ҳайвонам

Биор нотиқ куллӣ бигӯ ту боқӣ ро

зи гуфтанами бурҳон ман хамӯш бурҳонам