Биор мутриб бар мо Карим бош Карим

Ба кӯии хастаи дилоне раҳим бош раҳим

Дилам чу оташ чун дар дамӣ шавад зинда

Чу дил мабош мусофир муқӣм бош муқӣм

Биёмад оташ ва бар роҳ ошиқон бинишаст

Ки эй мусофири ин раҳ ятем бош ятем

Нидо расед ба оташ ки бар ҳамаи ушшоқ

Чу шуълаҳои халилӣ Наим бош Наим

Гилӣм аз об чу хоҳӣ ки то буруни оре

Ба зери пои азизон гилӣм бош гилӣм

Чу боядат ки туро баҳри дояи вор буд

Мисоли дона дар рӯ ятем бош ятем

Дуруст ва рост шуд эй дил ки дар ҳавои дил ро

Дуруст рост наёяд ду ним бош ду ним

Алиф мабош зи абҷад ки саркашӣ дорад

Мабош бе ду сари ту чу ҷим бош чу ҷим