Нолаи булбул баҳор кунем

То бидон булбулон шикор кунем

Кор ӯ нозу кори мо лоба аст

Гар нанолем пас чаҳ кор кунем

Дар гулистон рӯем ва гул чинем

Бар сари ошиқон нисор кунем

Андроиими маст дар бозор

Ҳамаро маст ва беқарор кунем

Сим бо ёри хуш изор хӯрем

Хизмати чашм пурхумор кунем

Кас надонад худоӣ донаду бас

Айшҳоӣ ки бо нигор кунем

Ту агар роздор мо бошӣ

Розро бо ту ошкор кунем

намегурезанд халқ аз тотор

Хизмати холиқ табор кунем

Бор карданд уштурон бигурез

Рахтмон нест мо чаҳ бор кунем

Халқ хезон кунанд ва мо бар бом

Уштури мардумон шумор кунем