Хез то фитна Эй барангезем

Як замон аз замона бигурезем

Бар бисот нишот биншинем

Ҳама аз пеш хеш бархезем

Ҷузи ҳариф зариф нагузинем

Бо касон хасон наёмизем

Ғами беҳуда дар ҷаҳон нахӯрем

Май осӯда дар қадаҳ резем

Мо гирифтори шодӣ ва тарабем

На гирифтори зуҳд ва парҳезем

Гар ситеза кунад фалак бо мо

Бар муродаш рӯем ва наситезем

Чун надорем ҳеҷ дасти овез

Чанд бо ҳар касе дроўизим

Айш боқӣаст шамси табризӣ

Масти ҷовид шоҳ табризем