Қасд ҷафоҳо накунӣ вар бикунӣ бо дили ман

Вои дили ман вои дили ман вои дили ман вои дили ман

Қасд кунӣ бар тани ман шод шавад душмани ман

Вонгаҳ аз ин хаста шавад ё дили ту ё дили ман

Волау шайдои дили ман бесар ва бе пои дили ман

Вақти саҳарҳо дили ман рафта ба ҳар ҷои дили ман

Бихўду маҷнӯни дили ман хонаи пурхӯни дили ман

Сокину гардони дили ман фавқи сурайёи дили ман

Сӯхтау лоғари ту дар талаби гавҳари ту

Омада ва хайма зада бар лаби дарёи дили ман

Гуҳ чу кабоби ин дили ман пар шудаи бӯяш ба ҷаҳон

Гуҳ чу рубоби ин дил ман карда ълолои дили ман

Зор ва муъофаст кунун ғарқ масофаст кунун

Бар ки қофаст кунун дар паии анқои дили ман

Тифл дилам менахурд шер аз ин дояи шаб

Сина сияҳ ёфт магари дояи шабро дили ман

Сахраи Мӯсогар аз ӯ чашмаи равони гашт чу ҷӯ

Ҷӯии равони ҳикмати ҳақи сахрау хорои дили ман

Исои Марям ба фалак рафт ва форуманд хараш

Ман ба замин мондам ва шуд ҷониби болои дили ман

Бас кун кин гуфт забон ҳаст ҳиҷоби дилу ҷон

Кош набӯдӣ зи забони воқифу донои дили ман