Омадаам ба узри ту эй тарабу қарори ҷон
Афви намоу даргузар аз гунаҳу ъсори ҷон
Нест ба ҷузи ризои ту қуфли гушои ақлу дил
Нест ба ҷузи ҳавои ту қиблау ифтихори ҷон
Сӯхта шуд зи ҳиҷри ту гулшану кишти зори ман
Зиндаи куниш ба фазли худ эй дами ту баҳори ҷон
Белаб май фуруши ту кӣ шаканд хумори дил
Бе хами абрӯии кажат рост нагашт кори ҷон
Аз ту чу машриқӣ шавад равшани пушт ва рӯй дил
Бар чу ту дилбарӣ сазад ҳар нафасии нисори ҷон
Тофтани шуъоъи ту дар сари равзани дилӣ
Табсираи хирад буд ҳар дами эътибори ҷон
Аз ғами даврии лақои роҳи ҳабиб тай шавад
Дар раҳу мнҳҷ худо ҳаст худои ёри ҷон
Гулбун рӯй ғайбён чун бирасад бидида Эй
Аз гули сурх пар шавад бе чамании канори ҷон
Лоф задам ки ҳаст ӯ ҳамдаму ёри ғори ман
Ёри манӣ ту бе гумони хези биё ба ғори ҷон
Гуфт аноолҳқу бшди дили сӯии дори имтиҳон
Он дами пой дор шуд давлати пойдори ҷон
Боғ ки бе ту сабз шуд дай бидиҳад сазоӣ ӯ
Ҷон ки ҷуз аз ту зинда шуд нест вай аз шумори ҷон
Дона намӯд доми ту дар назари шикори дил
Хона гирифт ишқи ту ногуҳ дар ҷавори ҷон
Ним ҳадис гуфта шуд ним дигар магӯ хамаш
Шуҳра кунад ҳадисро бар ҳамаи шаҳриёри ҷон