То чаҳ хаёли бастае эй бути бадгумони ман
То чу хаёл гаштаам эй қамар чу ҷони ман
Аз пас марги ман агар дида шавад хаёли ту
Зуди равон равон шавад дар паии ту равони ман
Бандаам он ҷамолро то чаҳ кунам камол ро
Бас будам камоли ту он туаст он ман
Ҷониб хеш нагузарам дар рух хеш нанигарам
Зонк ба айб нанигарад дидаи ғайби дони ман
Чашми маронигоргар сохт ба сӯии он қамар
То ҷуз моҳ нанигарад Зуҳраи осмони ман
Чун нагарм ба ғайри ту эй ба ду дидаи сайри ту
Хосса ки дар ду дида шуд нури ту посбони ман
Ман чу ки бенишон шудам чун қамар ҷаҳон шудам
Дида буд магар касе дар рухи ту нишони ман
Шод шудаи замонҳо аз аҷаби замона Эй
Соф шудаи маконҳо зон ма бе макони ман
Аз табризи шамси дайн то ки фишонд остин
Хушк нашуд зи ашку хӯни як нафаси остони ман