Дӯш чаҳ хӯрдае дило рост бигӯ ниҳон макун

Ҳамчуи касон бегунаҳ рӯй ба осмон макун

Рӯи турш ва гарон кунӣ то сари худ ниҳон кунӣ

Бор дигар грФтмти бор дигар ҳамон макун

Бодаи хоси хӯрдае ҷоми халоси хӯрда Эй

Буи шароб мезанад лхлхаҳ дар даҳон макун

Чун сар ишқ нестат ақл мабар зи ошиқон

Чашми хумор кам гшо рӯй ба арғавон макун

Чун сар сайд нестат дом манеҳ миёни раҳ

Чўнки гулӣ наме диҳии ҷилва гулистон макун

Ғам нахурд зи раҳзании оҳ касе нагирадаш

Нест чунон касе кӣ ӯ ҳукм кунад чунон макун

Хашм гирифт аблаҳӣ рафт зи маҷлиси шаҳӣ

Гуфт шаҳаш ки шоди рӯи ҷониби мо равон макун

Хашм касе кунад кӣ ӯ ҷону ҷаҳони мо буд

Хашм макун ту хешро масхара ҷаҳон макун

Банд бурид ҷӯии дили оби саман раво нашуд

Машъалаҳои ҷони нигари машғала забон макун