Шунидӣ ту ки хат омад зи хоқон

Ки аз парда бурун оянд хубон

Чунин фармӯдааст хоқон ки имсол

Шукр хоҳам ки бошад сахти арзон

Зиҳии солу зиҳии рӯзи муборак

Зиҳии хоқони зиҳии иқболи хандон

Даруни хонаи бншстн ҳаром аст

Ки султон май хиромади сӯии майдон

Биё бо мо ба майдон то бибинӣ

Яке базми хуши пайдои пинҳон

Ниҳода хону неъматҳои бисёр

зи ҳалвоҳо ва аз мурғони бирён

Ғуломон чу ма дар пеши соқӣ

Навой мутрибони хуштар аз ҷон

Влик аз ишқи шаҳи ҷонҳои мисатон

Фароғат дорад аз соқӣ ва аз хон

Ту гӯйии ин куҷо бошад ҳамон ҷо

Ки андеша куҷо гашта сети ҷӯён