Бозомад остин фишонон
Он душмани ҷону ақлу имон
Ғоратгари сад ҳазор хона
Вайрон кун сад ҳазор дукон
Шўрндаҳи сад ҳазор фитна
Ҳиртгаҳи сад ҳазор ҳайрон
Он дояи ақлу офати ақл
Он мӯниси ҷону душмани ҷон
ӯ ақли сабк куҷо рибоед
Ақлӣ хоҳад чу ақли луқмон
ӯ ҷони хасис кӣ пазирад
Ҷонӣ хоҳад чу баҳри Аммон
Омад ки хароҷ даҳ биовар
Гуфтам ки чаҳ даҳ диҳӣаст вайрон
Тӯфони ту шаҳрҳо шикаст аст
Як даҳ чаҳ занад миёни тӯфон
Гуфтои вайрони мақом ганҷ аст
Вайронаи мост эй мусулмон
Вайрона ба мо даҳу буруни рӯ
Тшниъ мазан магӯ парешон
Вайрона з туаст чун ту рафтӣ
Маъмур шавад ба адли султон
Ҳиялат макун ва магӯ ки рафтам
Андари пас дар мабош пинҳон
Чун мурда бисоз хештан ро
То зиндаи шӯй ба рӯҳи инсон
Гуфтӣ ки ту дар миён набошӣ
Он гуфт ту ҳаст айни қуръон
Корӣ ки кунӣ ту дар миёни не
Он карда ҳақ буд яқини дон
Боқии ғазал ба сари бигӯем
Натавон гуфтан ба пеши хомон
Хомӯш ки сад ҳазор фарқ аст
Аз гуфт забону нури фарқон