Ёри худро хоб дидам эй бародари дӯши ман
Бар канори чашмаи хуфта дар миёни Настаран
Ҳалқа карда дасти бастаи ҳурён бар гирд ӯ
Аз яке сӯи лолаи зор ва аз яке сӯи ёсуман
Бод мезад нарми нармак бар канори зулф ӯ
Буии машку буи анбар мерасед аз ҳар шикан
Маст шуд боду рабӯди он зулфро аз рӯй ёр
Чун чароғи равшанӣ каз вай ту баргирӣ лаган
зи аввали ин хоб гуфтам ман ки ҳам оҳиста бош
Сабр кун то бохуд оем як замони ту дам мазан