Аз бадиҳо он чаҳ гӯям ҳаст қасдами хештан
Зонки заҳрӣ ман надидам дар ҷаҳон чун хештан
Гар ишорат бо касе дидӣ надорам қасд ӯ
Не ба ҳақи зулҷалолу зўолкмолу зўолмнн
То зи худ фориғ ниёем бо дигар кас чун расм
Вар бигӯям фориғам аз худ буд савдоу занн
Вар бигуфтам нукта Эй ҳасташ басии таъвил ҳо
Гар ғарази нуқсон кас дорам на мардуми ман на зан
Аз ту дорам илтимосӣ эй ҳарифи роздор
Ҳасани заннӣ дар ҳўӣу меҳри ман бо хештан
Душмани ҷонами манам афғони ман ҳам аз худ аст
Каз худии худ ман бихоҳам ҳамчуи ҳизум сӯхтан
Чўнки ёриро ҳазорон бор бо ному нишон
Мадҳҳои бенифоқаш карда бошам дар ълн
Фахр карда ман бар ӯ сад бори пайдоу ниҳон
Бӯда моро аз азизӣ бо ду дидаи мқтрн
Гар яке айбӣ бигӯям қасди ман айб ман аст
Зонки моҳамро бипушади абри ман андари бадан
Рӯ бидон як васф кардам каз маломати мари варо
Баҳри ҳақи дӯстӣ ҳамлаш макун бар макру фан
Ман худии хешро гӯям ки дар пиндоштӣ
Рӯ агар нур худоӣ нест шӯи шӯи мумтаҳан
эй худ мангар ҳамаи сари худои маҳви шӯ
Кони ҳамаи худ дидае пас дида худбин бикун
Чун худованди шамси дайнро май стоим ту бидон
Кин ҳамаи авсофи хӯбиро ситудам дар қарн