Бишинав аз дили нуктаҳои бе сухан
Ва ончи андар фаҳм ноед фаҳм кун
Дар дил чун санги мардум оташӣ аст
Кӯ бисӯзад пардаро аз бех ва бен
Чун бисӯзад парда дарёбад тамом
Қиссаҳои Хизру илми ман лдн
Дар миёни ҷону дил пайдо шавад
Сӯрати нави нав аз он ишқи куҳан
Чун бихонӣ волзҳии хуршеди байн
Кони зари байн чун бихонӣ лами икн