Гуфтӣ маро ки чунӣ дар рӯй мо назар кун

Гуфтӣ хушии ту бе мо зини таънаҳо гузар кун

Гуфтӣ маро ба хандаи хуши боди рӯзгорат

Кас бе ту хуш набошад рӯи қисса дигар кун

Гуфтӣ малули гаштам аз ишқ чанд гӯйӣ

Он кас ки нест ошиқи гӯи қисса мухтасар кун

Дар оташам дар обам чун муҳаррамӣ наёбам

Кунҷии рӯм ки ё раби ин теғро сипар кун

Густохмон ту кардӣ гуфтӣ ту рӯзи аввал

Ҳоҷат бихоҳ аз мо вази дарди мо хабар кун

Гуфтӣ шудам парешон аз муфлисии ёрон

Бигушо ду лаби ҷаҳонро пурдар ва пургуҳар кун

Гуфтӣ камар ба хизмат барбанд ту ба ҳурмат

Бигушо ду дасти раҳмат бар гирди ман камар кун