Ҷоно биор бодау бахтам баланд кун
Зон ҳалқаҳои зулфи диламро каманд кун
Маҷлис хушаст ва моу ҳарифон ҳама хушем
Оташ биору чораи муштӣ сапанд кун
Зон ҷом бедареғ дар андеша ҳо бирез
Дар бихўдии сазои дил худписанд кун
эй ғам бирав бирав бар мстонт кор нест
Онро ки ҳӯшёр биёбӣ газанд кун
Мисатон мусалламанд зи андешаҳоу ғам
Он кӯ нашуд мусаллам ӯро нижанд кун
эй ҷони масти маҷлиси Аброри ишрбўн
Бар гурбаи асири ҳаво риш ханд кун
Риши ҳама ба дасти аҷали байн ва раҳм кун
Аз марг вораҳон ҳамаро сӯдманд кун
Азм сафар кун эй ма ва бар гов на ту рахт
Бо шергир маст магӯ тарк панд кун
Дар чашми мо нигари асар бихўдӣ бибин
Моро савори ашқру пушт саманд кун
Як раг агар дар ин тани мо ҳӯшёр ҳаст
Бо ӯ ҳисоби дафтари ҳафтод ва анд кун
эй табъи рӯсиёҳи сӯии ҳинди бозрў
Ваии ишқ тарк тоз сафар сӯй ҷанд кун
Он ҷо ки маст гаштӣ биншин муқӣми шӯ
Ва он ҷо ки бода хӯрдӣ он ҷо фиканд кун
Дар матбахи худо агарат қӯт рӯҳ нест
Он гоҳи сар дар охири ин гӯсфанд кун
Хоҳӣ ки шоҳидони фалаки ҷилва гар шаванд
Дилро ҳарифи сайқали ойӣна ринд кун
эй дил хамӯш кун ҳама бе ҳарфи гӯи сухан
Бе лаби ҳадиси олам бе чун ва чанд кун