Дило ту шаҳд манеҳ дар даҳони ранҷурон

Ҳадис чашм магӯ бо ҷамоати кӯрон

Агар чаҳ аз раги гардан ба банда наздик аст

Худои давр буд аз бар хдодўрон

Дарун хеш бипардоз то бурун оянд

зи пардаҳо ба таҷаллӣ чу моҳи мастурон

Агар чаҳ гуми шӯй аз хеш ва аз ҷаҳони ин ҷо

Буруни хеш ва ҷаҳон гаштае зи машҳурон

Агар ту моҳи висолӣ нишон бидиҳ аз васл

зи соид ва бар симину чеҳраи ҳурон

Вагар чу зари з фироқӣ куҷост доғи фироқ

Чунин фусурда буд сиккаҳои маҳҷӯрон

Чу нест ишқи туро бандагӣ ба ҷо май ор

Ки ҳақи Фрўнҳлди муздҳои муздурон

Бдонки ишқи худои хотам сулаймонӣ аст

Куҷост дахли сулаймону мксби мӯрон

Либоси фикрату андешаҳо бурун андоз

Ки офтоб нтобад магар ки бар ъўрон

Паноҳи гири ту дар зулфи шамси табризӣ

Ки машки борад товораӣ зи кофурон