Бо ман снмои дили як дила кун

Гар сар нануҳум онгаҳ гила кун

Маҷнӯн шудаам аз баҳри худо

Зон зулфи хушати як силсила кун

Сӣ пора ба каф дар чилла шудӣ

Сӣ пораи манам тарк чилла кун

Маҷҳӯли Марв бо ғӯли Марв

Зинҳори сафар бо қофила кун

эй мутриби дил зон нағмаи хуш

Ин мағзи маро пурмашғала кун

эй Зуҳрау ма зон шуълаи рӯ

Ду чашми марои ду машъала кун

эй Мӯсои ҷони шубон шуда Эй

Бар тавр бирав тарк гила кун

Наълин зи ду по берун куну рӯ

Дар дашти тўии по обила кун

Такяи гуҳи ту ҳақ шуд на Асо

Андоз Асо ва онро яла кун

Фиръавни ҳаво чун шуд ҳайвон

Дар гардан ӯ рӯ знглаҳ кун