Гар на тиҳӣ бошадӣ бештари ин ҷӯй ҳо

Хоҷа чаро май дӯди ташна дар ин кӯйҳо ?

Хам ки дар ӯ бода нест ҳаст хам аз боди пар

Хами пар аз бод кӣ сурх кунад рӯйҳо ?

Ҳаст тиҳӣ хорҳо нест дар ӯ буии гул

Кӯр биҷӯед зи хори лутфи гулу буи ҳо

Бо талаби оташин рӯй чу оташ бибин

Бар пай дӯдаш бирав зуд дар ин сӯй ҳо

Дар ҳуҷби машки мӯӣ рӯй бибин аҳ чаҳ рӯй

Онк худояш бишуст даври зи рўшўӣ ҳо

Бар рух ӯ парда нест ҷуз ки сари зулф ӯ

Гоҳ чу чавгон шавад гоҳ шавад гӯй ҳо

Аз ғалати ошиқон аз табаш рӯй ӯ

Сӯрат ӯ мешавад бар сари он мӯӣ ҳо

Ҳай ки басии ҷонҳо мӯӣ ба мӯ баста анд

Чун магасон шастаанд бар сари чрбўӣ ҳо

Бода чу аз ақли барад ранг надорад равост

Ҳасани ту чун Юсуфии сет то чаҳ кунам хуй ҳо

Оҳӯии он наргисаш сайд кунад ҷуз ки шер

Рост шавад рӯҳ чун каж кунад абрӯӣ ҳо

Муфаххари табризёни шамси ҳақ бе зиён

Тӯй ба ту ишқ туаст боз кун ин тӯй ҳо