Чанд бӯсаи вазифа таъйин кун

Ба шикархандаем ширин кун

Он дилатро худоӣ нарм кунод

Ин дуоӣ хушаст омин кун

Магари инро ба хоб хоҳам дид

Ман бхсбми канор болин кун

эй фусуни аҷали фироқи лабат

Рӯи фусуни Масеҳ ойин кун

Арсаи чарх бе ту танг омад

Ҳин барроқи висолро зин кун

Ҳасан дорӣ вафост лоиқи ҳасан

Ҳасанро бо вафои ту кобӣн кун

Чун бимиранд раҳм хоҳӣ кард

Онч охир кунӣ ту пешин кун

Ҳоҷён мондаанд аз раҳи ҳаҷ

Доруии уштурон гургин кун

То ба каъбаи висол ту барисанд

Чораи обу зод ва харҷин кун

эй ду чашми ҷаҳон ба ту равшан

Ин ҷаҳонро ту он ҷаҳон байн кун

Аз таҷаллии офтоби рахт

Чашму дилро чу тавр синин кун

Бас кунам шуд зи ҳади густохӣ

Ман кӣ бошам ки гӯямат ин кун

Гар набӯд ин сухани зи ман лоиқ

Ончи он лоиқаст талқин кун

Шамси табриз бар уфуқи бхром

Гӯи шимоли ҳилол ва парвин кун