Бонги баромади зи дилу ҷони ман

Ки зи маъшуқаи пинҳони ман

Саҷдаи гуҳи асли ману фаръи ман

Тоҷи сари ман шаҳу султони ман

Хастау бастаи сети дилу дасти ман

Дасти ғами Юсуфи канъони ман

Даст намӯдам ки бигӯ захм кист

Гуфт зи дасти ману дастони ман

Дил бинмудам ки бибин хӯн шудаи сет

Дид ва бихандед длстони ман

Гуфт ба ханда ки бирав шукр кун

Иди маро эй шудаи қурбони ман

Гуфтам қурбони кӣм ёр гуфт

Он манӣ он манӣ он ман

Субҳ чу хандид ду чашмам гирист

Дид малики дидаи гирёни ман

Ҷӯш баровард ва равон кард об

Аз шафқати чашмаи ҳайвони ман

Нак асари оби ҳётши нигар

Дар бен ҳар сӣ ва ду дандони ман

Об ҳаётаст равонаи зи ҷӯш

Тозаи бадви сидраи имони ман

Бандаи ин обам ва ин мироб

Бандатар аз ман дили ҳайрони ман

Бас кун густохи Марв ҳин хамӯш

Пеши шҳншоаҳи ниҳони дони ман