Фақираст ӯ фақираст ӯ фақири ибн алФқираст ӯ

Хабираст ӯ хабираст ӯ хабири ибн алхбираст ӯ

Латифаст ӯ латифаст ӯ латифи ибн аллтиФаст ӯ

Амираст ӯ амираст ӯ амири малик гираст ӯ

Паноҳаст ӯ паноҳаст ӯ паноҳ ҳар гуноҳаст ӯ

Чароғаст ӯ чароғаст ӯ чароғ беназираст ӯ

Сукӯнаст ӯ сукӯнаст ӯ сукӯн ҳар ҷунунаст ӯ

Ҷаҳонаст ӯ ҷаҳонаст ӯ ҷаҳони шаҳд ва шераст ӯ

Чу гуфтӣ сари худ бо ӯ бигуфтӣ бо ҳамаи олам

Вагар пинҳон кунӣ май дон ки доноӣ замираст ӯ

Вагар радат кунанд инҳо бнгзорди туро танҳо

Дро дар зилли ин давлат ки шоҳ ногурезаст ӯ

Ба сӯии хирман ӯ рӯ ки сарсабзат кунад эй ҷон

Ба зери доман ӯ рӯ ки дафъи теғ ва тираст ӯ

Ҳар онч ӯ бифармоед смъноу атънои гӯ

з ҳар чизе ки май тарсӣ мҷираст ӯ мҷираст ӯ

Агар куфр ва гунаҳ бошад вагар дев сияҳ бошад

Чу зад бар офтоб ӯ яке бадар мунираст ӯ

Сухан бо ишқ мегӯям сабақ аз ишқ май гирам

Ба пеш ӯ кашами ҷонро ки баси андак пазираст ӯ

Бутӣ дорад дар ин пардаи бутии зебо вале мурда

Макаши андари буриши чандин ки сард ва змҳрираст ӯ

Ду дасту по ҳнӣ карда ду сад макр ва марӣ карда

Ҷавон пайдост дар чодари валикини сахт пераст ӯ

Агар ӯ шери нар будӣ ғизоӣ ӯ ҷигар будӣ

Валикини юзро монад ки ҷӯёӣ панираст ӯ

Надорад фар султонӣ нишоед ҳам ба дарбоне

Ки андари ишқи ттмоҷии бараҳнаи ҳамчу сайраст ӯ

Агар дар тир ӯ бошӣ дўто ҳамчун камони гардӣ

Аз ӯ ширӣ куҷо ояд зи харгӯшӣ асираст ӯ

Дилам ҷӯшед ва мехоҳад ки сад чашма равон гардад

Бибаст ӯ роҳи оби ман ба раҳ бастан накираст ӯ