Худовандо чу ту соҳиби қирони кӯ
Баробар бо макони ту макони кӯ
Замони муҳтоҷу мискин ту бошад
Туро ҳоҷат ба даврону замони кӯ
Касе кӯ гуфт дидам шамси дайн ро
Саволаш кун ки роҳи осмони кӯ
Дар он дарёи Марв бе амри дарё
Наме тарсӣ барои ту змони кӯ
Магар бе қасди уфтии кӯ Карим аст
Хтокнро зи афв ӯ ғамони кӯ
Чу саҷда кард ойӣнаи мар ӯ ро
Бар он ойӣнаи зангори гумони кӯ
Ҳамӯ тираст ҳамӯи аспри ҳамӯи қавс
Чаҳ гуфтам он тарафи тиру камони кӯ
Ҳар он ҷисмӣ ки аз лутфаш назар ёфт
Назираш дар вилоятҳои ҷони кӯ
Биҷуз аз рӯй аҷзу фақру таслим
Ббрдаҳи сар аз ӯ аз инсу ҷони кӯ
зи ғайрат ҳақ шуд ҳорс вагар не
Мар ӯро аз кӣ бимаст посбони кӯ
Ба пешонии ҷонҳо доғи меҳраш
Касе бе доғи меҳраш дар қирони кӯ
Ба навбатгоҳ ӯ байн саф кашида
Ба хизматгар ҳамеи ҷӯии маони кӯ
Набошад хандаи ҷуз аз заъфаронаш
Биҷуз аз ишқи рӯйиши шодмони кӯ
Биҷуз аз ҳиҷри он махдуми ҷонӣ
Дилу ҷонро ба олами андҳони кӯ
Худованди шамси дайн аз баҳри аллоҳ
Ки лоиқ дар саноӣ ӯ даҳони кӯ
Забону ҷони ман бо васл ӯ рафт
Ба шарҳи хоки табризами забони кӯ
Ҳама кон ҳаст муҳтоҷи харидор
Бидон ҳад бе ниёзии ҳеҷ кони кӯ