Бедил шудаам баҳри дили ту

Сокин шудаам дар манзили ту

Сарфа чаҳ кунам дар маъдани ту

Зарро чаҳ кунам бо ҳосили ту

Шуд ҷумлаи ҷаҳони сабз аз дами ту

Қиблаи дилу ҷон ҳар қобили ту

Шуд ақлу хиради девонаи ту

Беилм ва амал шуд омили ту

Мурғони фалаки пурбастаи ту

Ҳар оқили ҷони нооқили ту

Њорути ҳунари морути адаб

Гаштанди нигун дар Бобули ту

Гардани бикашади ҷони ҳамчуи шутур

То зинда шавам аз бсмли ту

Ҳали гашти зи ту ҳар мушкили ҷон

Мондам ба ҷаҳони ман мушкили ту

Банавис бароти ин музди маро

То нақд кунам аз омили ту

Аз рӯз бааст акнӯн шаби мо

Аз тоби маи баси комили ту

То шаби шутурони ҳамвори раванд

То манзили худ бо маҳмили ту

Дар манзили худ озод шаванд

Аз золими ту вази одили ту

Хомаш кун ва худ дар як дама Эй

Хомаш накунад ин қойили ту