Соқии фаррухи рухи ман ҷом чу гулнор бидиҳ
Баҳри ман ар менадиҳӣ баҳри дил ёр бидиҳ
Соқии дилдори тӯии чораи бемори тӯй
Шарбати шодӣу шифои зуд ба бемор бидиҳ
Бода дар он ҷом фикан гардан андеша бизан
Ҳин дили моро машкан эй дил ва дилдор бидиҳ
Боз кун он майкадаро тарк кун ин арбада ро
Ошиқ ташна задаро аз хам хумор бидиҳ
Ҷони баҳору чамании равнақи сарву саманӣ
Ҳин ки баҳона накунӣ эй бут айёр бидиҳ
Пой чу дар ҳила наҳй вази кафи мисатони бҷҳӣ
Душмани мо шод шавад кӯрӣ ағёр бидиҳ
Ғами мадау оҳи мадаи ҷуз ба тараби роҳи мада
Оҳи зи бироаҳ буд раҳ бигушо бор бидиҳ
Мо ҳамаи махмури лақои ташнаи сғроқи бақо
Баҳри гарави пеши саққои хирқа ва дастор бидиҳ
Ташнаи деринаи манам гарми дилу синаи манам
Ҷому қадаҳро башикан беҳад ва бисёр бидиҳ
Худ мау маҳтоби тӯии моҳии ин оби манам
Моҳ ба моҳӣ нарасад пас зи ма идрор бидиҳ