Он суфра биор ва дар миён на
Ва он коса ба пеши ошиқон на
Анбӯҳ бирез нон ки зишт аст
Коўоз диҳад касе ки нон на
Танро чу бенон шикор кардӣ
Ҷонро баргиру пеши ҷон на
Имрӯзи қиёмат ту бархест
Бархез қадам бар осмон на
Аз оташи ишқи нардбони соз
Бар гунбади чархи нардбон на
эй Зуҳраи зи чашмҳои ҳиндӯ
Тарконаи ту тир дар камон на
Гар сина зиён кунад зи захмат
Захмии дигар бар он зиён на
Чун нуктаи зи роҳи чашми гӯйӣ
Моро ҳамаи меҳр бар даҳон на
эй ашк чу рафтӣ аз дар чашм
Он ҷои рӯу сар бар остон на