Сад дуҳул мезананд дар дили мо

Бонг он бишинавем мо фардо

Пунба дар гӯшу мӯӣ дар чашмаст

Ғами фардоу васвасаи савдо

Оташи ишқи зан дар ин пунба

Ҳамчуи ҳаллоҷу ҳамчуи аҳли сафо

Оташу пунбаро чаҳ май дорӣ

Ин ду зиданд ва зид накард бақо

Чун мулоқот ишқ наздикаст

Хуши лақои шӯ барои рӯзи лақо

Марги мо шодӣ ва мулоқотаст

Гар туро мотамаст рӯи зини ҷо

Чўнки зиндони мости ин дунё

Айш бошад хароби зиндон ҳо

Онки зиндон ӯ чунин хуш буд

Чун буд маҷлиси ҷаҳони оро

Ту вафоро мҷу дар ин зиндон

Ки дар ин ҷо вафо накард вафо