Чаҳ аФсрдӣ дар он гӯша чаро ту ҳам наме гардӣ

Магари ту фикри манҳусӣ ки ҷуз бар ғам наме гардӣ

Чу омад Мӯсои умрон чаро аз оли фиръавнӣ

Чу омад исои хуши дам чаро ҳамдам наме гардӣ

Чу бо ҳақи аҳдҳо бастии зи сустӣ аҳд бишикастӣ

Чу қавли аҳди ҷонбозон чаро муҳкам наме гардӣ

Миёни хок чун мӯашон ба ҳар матбахи раҳе созӣ

Чаро монанди султонон бар ин торам наме гардӣ

Чаро чун ҳалқа бар дарҳо барои бонгу овозӣ

Чаро дар ҳалқаи мардони дамии муҳаррам наме гардӣ

Чигуна баста бигушоед чу душмани дори мифтоҳӣ

Чигуна хаста ба гардад чу бар марҳам наме гардӣ

Сари онгаҳи сар буд эй ҷон ки хоки роҳ ӯ бошад

зи ишқи рояташ эй сар чаро парчам наме гардӣ

Чаро чун абр беборон ба пеши маи трнҷидӣ

Чаро ҳамчун маи тобон бар ин олам наме гардӣ

Қалами он ҷо наад дасташ ки кам бинад дар ӯ ҳарфӣ

Чаро аз ишқи тасҳеҳаши ту ҳарфӣ кам наме гардӣ

Гулистону гул ва райҳон наравед ҷузи зи дасти ту

Ду чашмаи дорӣ эй чеҳра чаро пурнам наме гардӣ

Чу тавофони гардунӣ ҳаме гирданд бар одам

Магари Иблиси малъунӣ ки бар одам наме гардӣ

Агар хилват намегирӣ чаро хомаш наме бошӣ

Агар каъба нае борӣ чаро замзам наме гардӣ