Ҳар он чашмӣ ки гирёнаст дар ишқи длоромӣ

Бишорат оядаш рӯзии зи васл ӯ ба пайғомӣ

Ҳар он чашми сипедии кӯ сияҳ карда сети тани ҷома

Сиёҳаш шуд сипеди охир сипедаш шуд сияҳи фомӣ

Чу гирён буд он ёқӯби канъон аз паии Юсуф

Бишорат омадаш ногуҳ аз он хуш рӯй хуши номӣ

Мисол нардбон бошад ба нолидан ба ишқи андар

Чу ӯ бар нардбон кӯшад расад ногоҳ бар бомай

Ҳарифи ишқ пеш ояд чу бинад мари туро бихўд

Кабобӣ аз ҷигар дар кафи зи хӯни дили яке ҷомӣ

Ки оби лутфи он дилбари гирифтаи қоф то қоф аст

Аз онаст оташи ҳиҷрон ки то пухта шавад хомӣ

Барои имтиҳони мурғи ҷони ошиқи ваҳшӣ

Бало чун зарбати домӣу зулфи ёр чун домӣ

Ки то зини дому зини зарбат кашокаш ёбад ин ваҳшӣ

Намонад нозу тундӣ ӯ шавад ҳамроз ва ҳам ромӣ

Чунон чун миваҳои хом аз он пухта шавад ширин

Ки гоҳаши тоб хуршедасту гоҳаши турраи шомӣ

зи ранҷи ому лутфи хоси ҳикмат ҳо шавад пайдо

Ки то софӣ шавад дардӣ ки то хосса шавад омӣ

Гуҳӣ аз хавфи маҳрӯмӣу ҳиҷрони абади сӯзӣ

Гуҳии андари умеди васли яктои зафти анъомӣ

Хусусан дарди ин мискин ки олами сӯз тӯфон аст

Зиҳии талхӣу нокомӣ ки ширинаст аз ӯ комӣ

Ба ҳар гомӣ агар сад тир ояд аз ҳавоӣ ӯ

Нигарадам аз ҳавоӣ ӯ нгрдонми яке гомӣ

Манам дар воми ишқи шоҳ то гардани биҳамдиллоҳ

Мубораки соҳиби вомии муборак кардани вомӣ

Зиҳии дарёии лутфи ҳақи зиҳии хуршеди раббонӣ

Ба ҳар сад қарн набӯд ин чаҳ ҷои солу айёмӣ

зи махдумии шамси аддӣн табризӣ биёбад ҷон

Хулосаи нури ӣмонии сафои ҷони исломӣ

Чаҳ ҷои нур исломаст ки нӯронӣу рӯҳонӣ

Шавад вола агар пайдо шавад аз дафтараши ломӣ