Гар шамсу қамар хоҳӣ нак шамсу қамари борӣ
Вари субҳу саҳар хоҳӣ нак субҳу саҳари борӣ
эй Юсуфи канъонии ваии ҷони сулаймонӣ
Гар тоҷу камар хоҳӣ нак тоҷу камари борӣ
эй Ҳамзаи оҳангии ваии рустам ҳар ҷангӣ
Гар теғу сипар хоҳӣ нак теғу сипари борӣ
эй булбули пӯяндаи ваии тӯтии гӯянда
Гар қанду шукр хоҳӣ нак қанду шукри борӣ
эй душмани ақлу ҳаши ваии ошиқи ошиқи каш
Гар зеру зибр хоҳӣ нак зеру зибри борӣ
эй ҷони тамошоҷуи Мӯсои таҷаллии ҷӯ
Гар самъу басар хоҳӣ нак самъу басари борӣ
эй деви пар аз кӣнаи ваии душмани дерина
Гар фитнау шар хоҳӣ нак фитнау шари борӣ
Хомӯш магӯ чандин бархез сафари багазин
Гар ёри сафар хоҳӣ нак ёри сафари борӣ
Шамс алҳақ табризӣ аз ҳасану диловезӣ
Гар хастаи ҷигар хоҳӣ нак хастаи ҷигари борӣ