Ту он моҳӣ ки дар гардун наганҷӣ
Ту он обӣ ки дар Ҷайҳун наганҷӣ
Ту он дарӣ ки аз дарёи фузӯнӣ
Ту он кӯҳӣ ки дар ҳомӯн наганҷӣ
Чаҳ хонам ман фусун эй шоҳи париён
Ки ту дар шиша ва афсун наганҷӣ
Ту лайлеи влик аз рашки мавло
Ба кунҷи хотир маҷнӯн наганҷӣ
Ту хуршедии қабояти нур сина аст
Ту андари атлас ва аксўн наганҷӣ
Тӯии шогирди ҷонафзо табибӣ
Дар истидлол афлотӯн наганҷӣ
Ту маъҷунӣ ки набӯд дар захира
Захира чист дар қонӯн наганҷӣ
Бигӯед хасм то худ чун буд ин
Ту аз бе чунӣ ва дар чун наганҷӣ
Чунин будӣ дар ашкмгоаҳи дунё
Бгнҷидӣ вале акнӯн наганҷӣ
Махон дар гӯшҳо инро хамаш кун
Ту андари гӯш ҳар мафтӯн наганҷӣ