Нигорои ту дар андешаи дарозӣ
Биоварадӣ ки бо ёрон насозӣ
На ошиқ бар сар оташ нишинад
Магар ки ошиқӣ бошад маҷозӣ
Ба ман бингар ки будам пеш аз ин ишқ
зи олами фориғи андар бе ниёзӣ
Қазо омад бидидам моҳи рӯе
Гирифтам ман сари зулфаш ба бозӣ
Гуноҳи ин буд афтодам ба ишқӣ
Чу сад рӯзи қиёмат дар дарозӣ
зи хӯнами буи машк ояд чу резад
Шаҳиди шармсорами ман зи ғозӣ
Насиҳат дод шамси аддӣни табриз
Ки чун маъшӯқ эй ошиқ нанозӣ