На оташҳои моро тарҷумонӣ

На асрори дили моро забонӣ

Бараҳна шуд зи сад пардаи дилу ишқ

Нишаста ду ба ду ҷонӣу ҷонӣ

Миён ҳар дугар ҷбрил ояд

Набошад зи оташаши як дам амоне

Ба ҳар лаҳзаи висоли андари висолӣ

Ба ҳар сӯеи аёни андари аёнӣ

Бибинӣ ту чаҳ султонони маънӣ

Ба гӯшаи бомашон чун посбонӣ

Сиришта васли яздони кӯҳ тавр аст

Дар он кони тоби норади як замонӣ

Агар сад ақли кул бар ҳам бабандӣ

Нагардад бомашонро нардбонӣ

Нишонеҳои мардони саҷдаи орад

Агар зон бенишон гӯям нишоне

Аз он нурӣ ки ҳарфи он ҷо нагунҷад

Туро ин ҳарф гашта армағонӣ

Камар шуд ҳарфҳо аз шамси табриз

Биё барбанд агар дории миёнӣ