Аз ин тангин қафас ҷоно паридӣ

Вазин зиндони тарророни рҳидӣ

з рӯй оинаи гул давр кардӣ

Дар ойӣна бидидӣ онч дидӣ

Хабарҳо мешунидӣ зеру боло

Бар он боло бибин онч шунидӣ

Чу обу гул ба обу гули супурдӣ

Қумоши рӯҳ бар гардун кашидӣ

зи гардишҳои ҷисмонӣ биҷустӣ

Ба гардишҳои рӯҳонӣ раседӣ

Биҷустӣ зи ашками модар ки дунёст

Сӯии бобои ақлонии давидӣ

Бихӯр ҳар дам май ширинтар аз ҷон

Ба ҳар талхӣ ки баҳр мо чашидӣ

Гузин кун ҳар чаҳ май хоҳӣу бустон

Чу моро бар ҳама олам гузидӣ

Аз ин дег ҷаҳон рафтӣ чу ҳалво

Ба хон он ҷаҳон зеро пзидӣ

Агар чаҳ байза холӣ шуд зи мурғат

Буруни байза олам паридӣ

Дар ин олам наганҷӣ зин сипас ту

Ҳамон сӯи пар ки ҳар дам дар мазидӣ

Хамаш кун рӯ ки қуфл ту кушоданд

Аҷал бинмуд қуфлатро калидӣ