эй бе ту ҳароми зиндагонӣ

Худ бе ту кадоми зиндагонӣ

Бе рӯй хуши ту зинда бӯдан

Маргаст ба номи зиндагонӣ

Позҳри тӯйу заҳри дунё

Донаи туу доми зиндагонӣ

Гавҳари ту ва ин ҷаҳон чу ҳуққа

Бодаи туу ҷоми зиндагонӣ

Бе оби ту гулистон чу шӯра

Бе ҷӯши ту хоми зиндагонӣ

Бе хӯбии ҳасани боқўомт

Нагирифта қавоми зиндагонӣ

Бо ҷумлаи муроду ком бе ту

Ноёфта коми зиндагонӣ

То дод саломатии надодӣ

Кӣ кард саломи зиндагонӣ

Хомаш кардам бикун ту шоҳӣ

Пеши ту ғуломи зиндагонӣ