эй чашму чароғи шаҳриёрӣ
Валлоҳ ба худо ки он ту дорӣ
Шамъӣ ки дар осмон нагунҷад
Аз гӯшаи синае барорӣ
Хуршед ба пеши нури он шамъ
Як зарра шавад зи шармсорӣ
Вақтаст ки дар вуҷӯди хокӣ
Он тухм ки гуфтае бакорӣ
Охир чаҳ шавад каз оби ҳайвон
Бар чеҳраи заъфарони баборӣ
То лолаи ситони ошиқон ро
Аз гулбуни ҳақ ба хандаи оре
Бар пушт фалак ниҳанд по ро
Чун ту сарашони дамии бухорӣ
Ангури вуҷӯд бода гардад
Чун пой бар ӯ наҳй фишорӣ
Махдумии шамси ҳақи табриз
Лутфӣ ки ҳазор навбаҳорӣ