Рух ҳо бингар ту заъфаронӣ
Каз дард ҳаме диҳад нишоне
Шаҳрӣ бингар зи дарди ранҷур
Чун боғ ба мавсим хазоне
Ин дарди зи ғусса фироқ аст
Аз ҳайбати ҳукми осмонӣ
Бимаст фалак сиёҳ гардад
Аз оташу нола наоне
Дӯзах бингар ки сар баровард
Ногуҳи зи миёни шодмонӣ
Бархест ғариви ҷони з ҳар сӯ
Ҳон эй кас бе касони ту доне
Фармуд ки ин фироқ фонӣ аст
Афғони зи фироқи ҷовдонӣ
ё раб чаҳ шавад агар ту мо ро
Аз ҳар ду фироқ вораоне
Ин гуфта ва баста шуд даҳонам
Боқӣ ту бигӯ агар туоне